Корхонаи «Зарафшон» мавриди таъмиру навсозӣ қарор дорад

Корхонаи бузургтарини истеҳсоли металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин мавриди таъмиру навсозӣ қарор дорад. «Айни замон хати технологии корхона мавриди навсозӣ қарор дошта, бо ин сабаб истеҳсоли металл муваққатан боздошта шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Бахтиёр Шарипов, сардори Раёсати саноати кӯҳӣ-металлургии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи бузургтарини истеҳсоли металлҳои қиматбаҳои Тоҷикистон – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин мавриди таъмиру навсозӣ қарор дорад.

«Айни замон хати технологии корхона мавриди навсозӣ қарор дошта, бо ин сабаб истеҳсоли металл муваққатан боздошта шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Бахтиёр Шарипов, сардори Раёсати саноати кӯҳӣ-металлургии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти корхона дар соли гузашта муваффақона ҷамъбаст шуда, айни замон дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ нав мешаванд, ки итмоми ин корҳо ояндаи наздик дар назар аст.

Шарипов қайд кард, ки ҳеҷ касе аз кормандони корхонаи «Зарафшон» ба рухсатии бемузд фиристода нашуда, ҳамаи онҳо дар корҳои таъмиру навсозии хати технологии корхона иштирок доранд.

Қобили зикр аст, ки пештар дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи қатъи кори КМ «Зарафшон» ва ба рухсатии бемузд фиристодани коргарони он маълумот интишор гардида, ин гуфтаи корманди вазорат онро рад мекунад.

Зимнан қайд шуд, ки ҳамчунин масъалаи барои корхона дароз кардани муҳлати иҷозатнома доир ба коркарди чор кон – «Таррор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпийское» аз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» дар заминаи Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон, ки соли 1990 ба кор даромад, таъсис ёфта, он замон ашёи хом (консентрат) истеҳсол мекард. Моҳи сентябри соли 1994 ҳамроҳ бо ширкати бритониёии «Common wealth and British Minerals, PLC» бо шарти 51:49 корхонаи муштараки «Зарафшон таъсис дода шуда, моҳи январи соли 1996 маҳсулоти заминавии корхона баъди ба истифода додани навбати аввал 2 тонна тиллои тамғаи «Доре»-ро дар як сол ташкил дод.

Соли 2007 саҳмияҳои корхонаро ширкати Zi jin Mining Group Co Ltd.-и Чин харида, дар натиҷа акнун 75 фоизи саҳмияҳо ба ин ширкат ва 25 фоизи он ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд. Корхона аз воҳиду сохторҳои зиёде иборат буда, шумори коргаронаш беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Манбаи ашёи хоми корхона – конҳои «Таррор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпийское», ҳамчунин як қатор конҳои хурди маъданӣ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба шумор рафта, мутахассисони ширкат корҳои иктишофи геологиро дар қитъаҳои ба корхона ҷудошуда идома медиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.