Дар Қазоқистон ҳам маъракаҳои серхарҷи азодорӣ манъ шуд

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ имом-хатибон тасмим гирифтанд, ки харҷҳои "беҳуда" ва оростани дастархонҳои бодабдабаро дар маросимҳои динӣ манъ кунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи имом-хатибон, ҳадафи иқдоми мазкур поён бахшидан ба исрофкориҳоест, ки мухолифи қонунҳои шариати Исломанд. Рӯҳониёни қазоқ гуфтаанд, бо ин роҳ мехоҳанд, кори шахсонеро ҳам осон кунанд, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ имом-хатибон тасмим гирифтанд, ки харҷҳои "беҳуда" ва оростани дастархонҳои бодабдабаро дар маросимҳои динӣ манъ кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи имом-хатибон, ҳадафи иқдоми мазкур поён бахшидан ба исрофкориҳоест, ки мухолифи қонунҳои шариати Исломанд. Рӯҳониёни қазоқ гуфтаанд, бо ин роҳ мехоҳанд, кори шахсонеро ҳам осон кунанд, ки наздикони худро аз даст додаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин додани ашёи гаронарзиш, аз ҷумла либос ва қолин низ ба шахсоне, ки дар маросими ба хоксупорӣ иштирок кардаанд, манъ ва назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи руҳониён ва имомони шаҳру вилоят ва навоҳӣ вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон доир ба ин масъала тағйироти назаррас ворид гардида, дар тамоми маъракаҳои таъзияву азодорӣ додани таом ва забҳи чорво манъ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.