Маҳви қочоқбари навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Сарҳадбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсияи вилояти Хатлон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд. Бино ба маълумоти Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Тоҷикистон, дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи қочоқбарони афғон иборат аз 4-5 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони РВКД ҶТ рӯ […]

Asia-Plus

Сарҳадбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсияи вилояти Хатлон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Тоҷикистон, дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи қочоқбарони афғон иборат аз 4-5 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони РВКД ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад.

«Қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ безарар гардонида шуд, – омадааст дар маълумот. –  Боқимонда аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд».

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷои ҳодиса тақрибан 32 кг маводи мухаддири навъи афъюн дарёфт ва мусодира шуда, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.