Коршинос: Мирзиёев ташаббускори таъсиси Иттиҳоди кишварҳои ОМ шуда метавонад

Пешвои нави Ӯзбекистон Шавкат Миризиёев муддати ду-се соли наздик ташаббускори таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ба мисли Иттиҳоди Аврупо шуда метавонад. Ин ақида аз ҷониби сиёсатмадор ва журналисти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов баён шуд, ки солҳои гуногун ба ҳайси мушовири президент, раиси Кумитаи телевизиону радио ва вакили Шӯрои Олии кишвар фаъолият кардааст. Иброҳим Усмонов […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пешвои нави Ӯзбекистон Шавкат Миризиёев муддати ду-се соли наздик ташаббускори таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ба мисли Иттиҳоди Аврупо шуда метавонад.

Ин ақида аз ҷониби сиёсатмадор ва журналисти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов баён шуд, ки солҳои гуногун ба ҳайси мушовири президент, раиси Кумитаи телевизиону радио ва вакили Шӯрои Олии кишвар фаъолият кардааст.

Иброҳим Усмонов мутмаин аст, ки Мирзиёев ният дорад мақоми ғайрирасмии пешвои кишварҳои Осиёи Марказиро ба Ӯзбекистон баргардонад.

«Тошканд то оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба сифати пешвои ғайрирасмӣ миёни кишварҳои минтақа шинохта мешуд, ки ин мақомро акнун Қазоқистон дорад, – қайд кард ӯ. – Дар ҳамин ҳол, Мирзиёев ба нақши ҳукмронӣ (гегемон) дар минтақа довталабӣ намекунад, ӯ ба хубӣ медонад, ки бо ҳамсояҳо ҳамкории мутақобиалан судман роҳандозӣ кардан зарур аст».

Сиёсатмадори тоҷик ҳамчунин изҳор дошт, ки тӯли ҳамагӣ як сол писандидагиву маъруфияти президенти Ӯзбекистон миёни аҳолии ин кишвар ва дигар давлатҳо то он дараҷае боло рафт, ки ҳар гуна сиёсатмадоре аз ӯ ҳасад бурда метавонад.

«Ман бовар дорам, ки ояндаи наздик президенти Ӯзбекистон доир ба масоили ҳимоя аз фарҳангу забон ва фарҳангу маорифи аққалиятҳои миллии минтақа ташаббусҳои навро роҳандозӣ хоҳад кард», – таъкид дошт коршинос.

Қобили зикр аст, ки тайи як соли президентии Шавкат Мирзиёев сиёсати наздикшавии Тошканд ба ҳамсоякишварҳои минтақа хеле тақвият ёфта, бисёр мушкилоте, ки замони сари мансаб будани президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов ҳалношуда боқӣ мемонданд, дар як муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл шуданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ба туфайли шаффофияти сиёсати Мирзиёев сатҳи эътимод миёни кишварҳои минтақа  бамаротиб боло рафт. Аз ҷумла, муносибатҳои Тошканду Душанбе куллан тағйир ёфта, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳал шуд. Ҳамчунин ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо бемайлон афзуда, Тоҷикистону Ӯзбекистон дар остонаи ҳаллу фасли масоли марбут ба раводиду сарҳад қарор доранд ва рӯз то рӯз робитаҳои арбобони фарҳангу илми ҳарду кишвар густариш меёбанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.