Ҳалокати ду сокини калонсоли Суғд зери чархи автомашина

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рӯзҳои истироҳат дар минтақаи шимоли кишвар ду шахси калонсол ба ҳалокат расиданд. Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд Насим Исмоилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини шаҳр Лутфӣ Раҳимоваи 61-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида […]

Asia-Plus

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рӯзҳои истироҳат дар минтақаи шимоли кишвар ду шахси калонсол ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд Насим Исмоилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини шаҳр Лутфӣ Раҳимоваи 61-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар бемористон ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 39-солаи ноҳияи Шаҳристон Мирзо Ниёзмаҳмадов дар роҳи деҳоти Сароб бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин карда натавониста, сокини 71-солаи деҳоти Гулистон Улмас Мирқосимов зери чархи автомашинааш мемонад ва дар ҷойи ҳадиса ба ҳалокат мерасад.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, соли 2017 дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли кишвар 321 ҳодисаи садамаи накқлиёт рух дода, бар асари онҳо 140 нафар ҳалок ва 320 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар 78 садама 24 нафар кӯдак ҳалок ва 64 нафар кӯдак ҷароҳат бардоштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.