Рашт: 500 сомонӣ порагириву 150 ҳазор сомонӣ ҷаримасупорӣ

Директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт 500 сомонӣ пора гирифта, 150 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Прокуратураи генералии ҶТ, директори мактаб Я. Толибов аз муаллимаи ҳамин мактаб Н.Эшонова барои ғайриқонунӣ омода кардани аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ барои духтари ин омӯзгор 500 сомонӣ пора гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, […]

Asia-Plus

Директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт 500 сомонӣ пора гирифта, 150 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Прокуратураи генералии ҶТ, директори мактаб Я. Толибов аз муаллимаи ҳамин мактаб Н.Эшонова барои ғайриқонунӣ омода кардани аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ барои духтари ин омӯзгор 500 сомонӣ пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳарду омӯзгор ҳам ҷарима шудаанд – директори мактаб дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ ва муаллимаи мактаб – ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.