Сафороии ҳарбӣ намешавад. Ҳукумат се сол ба худдорӣ аз ҷашнҳои бузург даъват кард

Сафороии ҳарбии пуршукӯҳ, ки санаи 23 феврал пешбинӣ шуда буд, барпо намешавад. Тамоми восита ва нерӯ ба омодагии ҷашни 30-юмин солгари истиқлолият сафарбар мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ин масъала дар ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сафороии ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ки санаи 23 феврал ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафороии ҳарбии пуршукӯҳ, ки санаи 23 феврал пешбинӣ шуда буд, барпо намешавад. Тамоми восита ва нерӯ ба омодагии ҷашни 30-юмин солгари истиқлолият сафарбар мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ин масъала дар ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сафороии ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ки санаи 23 феврал ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, баргузор намешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур додааст, ки чунин гузашти пуршукӯҳи низомиро 9 сентябри соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барпо намояд.

«Ҳукумат ҳамчунин ба ҳамаи вазорату идораҳо супориш дод, ки баргузории тамоми чорабиниҳои бузурги соҳавии худро дар ҷашни 30-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба нақша гиранд», – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин дастур дар доираи Фармони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 19декабри соли гузашта «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сурат мегирад.

Дар ин фармон президент ба ҳукумат дастур дод, ки дар муҳлати ду моҳ Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашнро тасдиқ намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.