Рустами Эмомалӣ ба муайян кардани беҳтарин тарабхонаи пойтахт дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар доираи иҷрои ин қарор то 15 феврали соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе бояд даври якуми озмун ҷамъбаст ва рӯйхати ғолибон ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод шавад. Ҳамчунин то ҳамин […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар доираи иҷрои ин қарор то 15 феврали соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе бояд даври якуми озмун ҷамъбаст ва рӯйхати ғолибон ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод шавад.

Ҳамчунин то ҳамин рӯз, яъне 15 феврал комиссияи махсуси шаҳрии озмун бояд ба раиси пойтахт тартиби ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни«Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе»- ро пешниҳод намояд.

Тозагии қаламрави гирду атроф ва наздикии тарабхона, риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ, таваққуфгоҳи автомашина бо посбонҳо, ҷойи қабули сарулибос, вазъи ҳоҷатҳонаҳо, мудом таъмин будан бо оби гарму хунук, мебели хушсифат, зарфу дастурхон, номгӯи зиёд ва гуногуни таъомҳо, сифати хӯрок, саҳна барои ҳунарнамоиву рақс, салқину софкуниии ҳарорат, ҳуҷраҳои алоҳида барои тамокукашӣ, толорҳои зиёфат ва ғайра аз ҷумлаи шартҳои озмун номбар шудаанд.

Маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.