Амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 2,8 млрд. доллар

Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 24,9 млрд. сомонӣ (2,8 млрд. доллар) 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд. Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, 14 адад аз ин лоиҳаҳо қарзӣ, 25-тоаш грантӣ ва боз боқимонда 29-тоаш дар ҳаммаблағгузории қарзу грант мебошанд. Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда […]

Айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 24,9 млрд. сомонӣ (2,8 млрд. доллар) 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, 14 адад аз ин лоиҳаҳо қарзӣ, 25-тоаш грантӣ ва боз боқимонда 29-тоаш дар ҳаммаблағгузории қарзу грант мебошанд.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда аз оғози татбиқ дар маҷмӯъ 1 млрд. 492 млн. доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 52,9 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

«Ҳамзамон дар давоми солҳои 2014-2017 тибқи қонунҳои кишвар 9 созишномаи сармоягузорӣ ва 1 шартномаи консессия ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи босамари онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 7 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, беш аз 1,8 млрд. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда хоҳад шуд», – омадааст дар маълумоти кумита.

Инчунин тибқи Созишнома байни Тоҷикистону Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз соли 2011 дар шаҳри Душанбе лоиҳаҳои “Диёри Душанбе” ва “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо 384,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Зикр мегардад, ки то ин давра дар доираи лоиҳаҳои болозикр ба иқтисодиёти кишвар беш 708,7 млн. доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардида, ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми андозу пардохтҳои гумрукии ба буҷет воридгардидаи лоиҳаҳо аз санаи оғози фаъолият зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2017 – зиёда аз 780 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳо то ин давра 4634 ҷойи корӣ, аз ҷумла барои 3306 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1326  шаҳрвандони хориҷӣ ташкил карда шудааст.

То ин давра корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон”, фабрикаи бойгардонӣ ва корхонаи металлургии ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”, корхонаи истеҳсоли сементи  ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, корхонаи истеҳсоли семент ва халтаи ҶДММ “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент”,  Корхонаи металлҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» аз ҷониби ҶДММ “Пакрут” аллакай сохта ба истифода дода шуда, корхонаи коркарди нафти ҶДММ “ТК Ойл” дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара мавриди истифодадиҳӣ қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад