Дархости кумак ҷиҳати ошкор кардани ришвахӯрон дар сафҳои милитсия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки ҷиҳати ошкор кардани коррупсионерҳо дар сафҳои милитсия кумак кунанд. Дар эълони интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД дар ин робита қайд мешавад, ки ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия шаҳрвандон метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки ҷиҳати ошкор кардани коррупсионерҳо дар сафҳои милитсия кумак кунанд.

Дар эълони интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД дар ин робита қайд мешавад, ки ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия шаҳрвандон метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 занг зада дар ин бора хабар диҳанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, шаҳрвандони тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вибер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) низ метавонанд бо Вазорат дар тамос шуда, ҳолатҳои мазкурро пешгирӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби Вазорат махфият кафолат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кард, ки нисбат ба кори чор вазорату кумитаҳои кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ изҳори назар кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.