Ҳиссаи сохтмон дар сохтори ММД то 9,3 фоиз коҳиш ёфт

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон наздики 61,1 млрд сомонӣ (6,9 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки бо таносуби нархҳо дар муқоиса бо соли 2016 7,1 фоиз зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД то ҳол бахши кишоварзӣ (бо шумули шикору хоҷагии ҷангал, моҳидориву моҳипарварӣ) […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон наздики 61,1 млрд сомонӣ (6,9 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки бо таносуби нархҳо дар муқоиса бо соли 2016 7,1 фоиз зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД то ҳол бахши кишоварзӣ (бо шумули шикору хоҷагии ҷангал, моҳидориву моҳипарварӣ) афзалият дорад, ки ба 21,1 фоиз аз ҳаҷми умумии ММД баробар аст. Дар қиёс бо соли 2016 ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД 0,4 фоиз зиёд шудааст.

Ҳиссаи соҳаи саноат бо шумули энергетика дар ҳаҷми умумии ММД 17 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 1,9 фоиз бештар мебошад.

Ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаву тарабхона – 14 фоиз, нақлиёту алоқа, хоҷагиии анбордорӣ – 11 фоиз ва ҳиссаи андозҳо – 10,8 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳиссаи сохтмон дар сохтори ММД аз 11,2 фоиз дар соли 2016 то ба 9,3 фоиз дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ҳаҷми ММД Тоҷикистон беш аз 54,4 млрд сомонӣ (наздики 7 млрд. доллар бо қурб ба аввали соли 2017)-ро ташкил дода буд. Соли 2018 афзоиши ҳаҷми ММД – то 65,7 млрд. сомонӣ ва соли 2019 – то 73,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.