Прокуратура: Хайрулло Мирсаидов 300 ҳазор сомониро дуздидааст

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов бо сабаби зиёни молӣ ба давлат дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ аз боздоштгоҳ раҳо нашудааст. Тавре сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова дар ин робита иттилоъ дод, ин пулҳоро ӯ дуздидааст. Хайрулло Мирсаидов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, озодии ӯро аз боздоштгоҳ […]

Роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов бо сабаби зиёни молӣ ба давлат дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ аз боздоштгоҳ раҳо нашудааст.

Тавре сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова дар ин робита иттилоъ дод, ин пулҳоро ӯ дуздидааст.

Хайрулло Мирсаидов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, озодии ӯро аз боздоштгоҳ намояндаи ҳимояи ӯ ва наздикону хешовандонаш дархост кардаанд.

Бино ба маълуомти мақомоти тафтишот, Мирсаидов ба воситаи камомад дар харҷ ё азхудкунӣ 300 ҳазор сомониро дуздидааст. «Барои аз ҳабс раҳо шуданаш дар ҷараёни тафтишот, ӯро лозим буд, ки ин маблағро баргардонад, вале Мирсаидов пулро пардохт накарда, мутаносибан озод карданаш рад шуд», – қайд кард Ғоибназарова.

«Маблағи дуздӣ шояд зиёдтар бошад, чунки нахуст ҳамин миқдор маблағ ошкор шуда, лекин дар ҷараёни санҷиши минбаъдаи ҳисоботҳои фаъолияти Мирсаидов маълум шуда истодааст, ки маблағ хеле зиёдтар аст», – зикр кард номбурда ва илова намуд, ки бо анҷоми санҷиш маблағи саҳеҳ муайян хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Қаблан дар маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» сабаби мутобиқи моддаи 189, қ. 1, банди «г» (барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ) ба Мирсаидов пешниҳод шудани айбномаро шарҳ дода натавониста, зикр карданд, ки «ин сирри тафтишот аст» ва ҷузъиёти он баъдтар ифшо хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад