Замимаи «Стандарт» ва сомонаи «Тоҷикстандарт» ба наздикӣ ба кор медароянд

Нимаи соли гузашта дар Тоҷикистон замимаи «Стандарт» таҳия шуд, ки тариқи он пешниҳоди арзу шикоят тариқи онлайн имконпазир мегардад. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи робитаҳои байнулмилалии Агентии «Тоҷикстандарт» Саид Мавлонов изҳор намуд, ки замимаи «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро метавон дар Play Market ё дар AppStore нусхабардорӣ (баргирифт, скачать) кард. […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Нимаи соли гузашта дар Тоҷикистон замимаи «Стандарт» таҳия шуд, ки тариқи он пешниҳоди арзу шикоят тариқи онлайн имконпазир мегардад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи робитаҳои байнулмилалии Агентии «Тоҷикстандарт» Саид Мавлонов изҳор намуд, ки замимаи «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро метавон дар Play Market ё дар AppStore нусхабардорӣ (баргирифт, скачать) кард.

«Ба ин замима метавон доир ба маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо арзу шикоят фиристод. Замима бо мақсади шаффофияти муроҷиати аҳолӣ ба Агентӣ роҳандозӣ шуда, то ҳанӯз дар реҷаи озмоишӣ кор мекунад ва ба сомонаи расмии навшудаи www.standard.tj пайваста аст, вале ҳоло на сомонаву на замима расман мавриди корбарӣ қарор нагирфтаанд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки аз замони нашри маълумот дар бораи замимаи «Стандарт» аҳолӣ чандин маротиба аз он истифода карда, доир ба риоя нашудани қоидаҳои савдо ва меъёрҳои маҳсулот, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва дигар қонуншиканииҳо дар ин самт муроҷиат кард ва бо мусоидати кормандони Агентӣ ин камбудиҳо саривақт бартараф карда шудааст.

«Баъди ҳаллу фасли баъзе масъалаҳои техникӣ аввали моҳи феврал сомонаи расмии «Тоҷикстандарт» ва замимаи мобилии он расман мавриди корбарӣ қарор гирифта, тамоми воситаҳои истифодаи он барои доираи васеи аҳолӣ дастрас мешавад», – илова кард Мавлонов.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.