Сокинони Душанбе ва Сангвор барои шикори бузи кӯҳӣ ҷавоб мегӯянд

Кормандони милитсия дар қаламрави ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба гумони даст доштан дар шикори ғайриқонунӣ 3 сокини шаҳри Душанбе ва 1 сокини ноҳияи Сангворро боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шахсони номбурда дар дидбонгоҳи марказии ноҳияи Сангвор бо автомашинаи шахсиашон – тамғаи “Тайота Ланкрузер” дастгир карда шудаанд. Гуфта мешавад, санаи 15-уми январи […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия дар қаламрави ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба гумони даст доштан дар шикори ғайриқонунӣ 3 сокини шаҳри Душанбе ва 1 сокини ноҳияи Сангворро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шахсони номбурда дар дидбонгоҳи марказии ноҳияи Сангвор бо автомашинаи шахсиашон – тамғаи “Тайота Ланкрузер” дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, санаи 15-уми январи соли равон онҳо аз мавзеи мазори “Ҳазрати Бурх” ғайриқонунӣ 1-сар бузи кӯҳии сибириро, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, шикор намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.