Тиркушоии марзбонон сӯи моҳидорон дар Конибодом: 1 кас ҳалок ва дигарӣ захмӣ шуд

Аваз Юлдошев

Ба моҳидорӣ рафтани сокинони шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом бо фоҷеа анҷомид: онҳо ҳадафи тири низомиён қарор гирифтанд. Дар натиҷа як нафар ҳалок ва як каси дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар ин ҳодиса сарҳадбонони тоҷик даст доранд, ки нисбаташон аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Рӯзи 7 январ Қодирхон Усмонхоҷаев ва […]

Ба моҳидорӣ рафтани сокинони шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом бо фоҷеа анҷомид: онҳо ҳадафи тири низомиён қарор гирифтанд. Дар натиҷа як нафар ҳалок ва як каси дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар ин ҳодиса сарҳадбонони тоҷик даст доранд, ки нисбаташон аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Рӯзи 7 январ Қодирхон Усмонхоҷаев ва боз чор нафар сокинони ҷамоат – Абӯбакр Бобоев ва се бародари ӯ – Ғафурҷон, Ғуфронҷон ва Мирзобаҳриддин Раҳимовҳо барои моҳидорӣ ба Сирдарё, каме дуртар аз ҷамоати Маҳрами шаҳри Конибодом рафтанд, – ҳикоят кард ба «Азия-Плюс» Мутриба Охунова, ҳамсари Усмонхоҷаев. – Баъдан Раҳимовҳо ба мо гуфтанд, ки қарибиҳои соати 9-и шом, вақте сайди моҳиро ҷамъ кардаву азми хонаравӣ мекунанд, низомиён бо автоматҳо назди онҳо меоянд».

Ба қавли Охунова, ҳарбиён ба мардон иддаъо кардаанд, ки дар ин ҷо онҳо ба моҳидорӣ ҳуқуқ надоранд. Сокинони Исфара дар навбати худ посух додаанд, ки дар ин мавзеъ моҳидорӣ манъ нест ва бисёриҳо дар ин ҷо ба ин кор машғуланд.

«Сипас онҳо ба автомашина таҳти идораи Ғуфронҷон Раҳимов нишаста, ба роҳ мебароянд. Ин замон ҳарбиён сӯи онҳо аз силоҳ оташ кушодаанд, ки дар натиҷа Абӯбакр Бобоев ва ҳамсарам Қодирхон Усмонхоҷаев аз сарашон захмӣ шудаанд», – иброз дошт зан.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамон шаб захмишудагонро ба бемористони Конибодом бурда, рӯзи дигар онҳоро ҷарроҳӣ кардаанд, аммо Бобоев ба худ наомада, рӯзи 17 январ ҳалок шудааст.

«Ҳамсарам то ҳанӯз дар ҳолати вазнин қарор дорад, – мегӯяд зан. – Аламовараш он аст, ки доир ба ин ҳодисаи фоҷеабор чизе намегӯянд. Вале дар бораи чорводуздону вазъи обуҳаво мудом маълумот медиҳанд. Баъди ду рӯз марде назди мо омада, худро корманди ҳукумати шаҳри Исфара муаррифӣ намуд. Ӯ хабар дод, ки ҳарбиёни гумонбар дар ин амал аллакай боздошт ва тафтишот оғоз шудааст, вале 10 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, дигар касе назди мо наомадааст – на кормадони милитсияву на прокурор ва на муфаттиш».

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, аз рӯи далели сӯи моҳидорони Исфара аз силоҳ оташ кушодани сарҳадбонон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, якчанд нафар марзбонон боздошт шудаанд.

Дар навбати худ, котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита изҳор намуд, ки Қушӯнҳои сарҳадӣ ояндаи наздик расман ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ хоҳад дод.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар қитъаи Конибодоми сарҳади давлатӣ байни Тоҷикисиону Ӯзбекистон моҳи январ ҳеҷ муноқиша ё ҳодисаи ногувор ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад