Мирзиёев сабабҳои аслии фоҷеа дар Қазоқистонро шарҳ дод

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран ба рӯҳи шаҳрвандони кишвараш, ки 18 январ дар оташсӯзии автобус дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон кушта шуданд, дуо хонд ва ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев гуфтааст, фоҷиаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар шароити хуби корӣ фароҳам нашудааст. "Фоҷиаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран ба рӯҳи шаҳрвандони кишвараш, ки 18 январ дар оташсӯзии автобус дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон кушта шуданд, дуо хонд ва ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев гуфтааст, фоҷиаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар шароити хуби корӣ фароҳам нашудааст.

"Фоҷиаи мазкур баёнгари он аст, ки мо назди мардум қарзи зиёд дорем. Шаҳрвандон маҷбуранд, дар кишварҳои дигар кор биҷӯянд, зеро мо барояшон шароити корӣ фароҳам наовардаем", – гуфтааст вай.

Автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек 18 январ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо кушта шуданд. Ҳамаи кушташудаҳо сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон буданд.

Ҳукумати Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҳукумати Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур комисияи муштарак таъсис доданд. Калонсолтарини кушташудаҳо 41 ва хурдтаринашон 19 сол дошт. Бо қарори вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҷасади кушташудаҳо 20 январ бо ҳавопаймои махсус ба шаҳри Тошканд интиқол дода шуд.

20 январ муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон ва фаъолони шаҳрвандӣ назди сафорати кишварашон дар Русия гирд омада, аз Тошканди расмӣ хостанд, 20 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кунад.

Муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, сабаби оташ гирифтани автобус, эҳтимолан, муносибати бепарвоёна ба манбаи оташ буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.