Маъракаи ҳамасолаи иваз кардани аксҳои президенти Туркманистон

Дар Туркманистон имрӯзҳо маъракаи солонаи иваз кардани аксҳои президенти ин кишвар дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ҷараён дорад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин маърака ҳамасола зери шиорҳои нав сурат гирифта, миллионҳо нусхаи нави аксҳои президент дар саросари кишвар фурӯхта хоҳад шуд. Гуфта мешавад, имсол маъракаи ивазкунии аксҳои президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зери […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Туркманистон имрӯзҳо маъракаи солонаи иваз кардани аксҳои президенти ин кишвар дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ҷараён дорад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин маърака ҳамасола зери шиорҳои нав сурат гирифта, миллионҳо нусхаи нави аксҳои президент дар саросари кишвар фурӯхта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, имсол маъракаи ивазкунии аксҳои президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зери унвони яке аз китобҳои ахири ӯ "Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим" ҷараён дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ маъракаи таблиғотии мазкур харҷи иловагиеро барои омӯзгорон, табибон ва кормандони муассисаҳои дигари буҷавӣ дар пай хоҳад дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи иқтисодии сокинони Туркманистон рӯз то рӯз бадтар мешавад.

"Расмҳои президентро дар тамоми муассисаҳо, аз ҷумла мактабҳо иваз карданд. Дар мактабҳои шаҳри Ишқобод аз ҳар як омӯзгор 25 манатӣ (беш аз 7 долларӣ) ҷамъ намуданд. Дар мактабҳои минтақаҳо ба хотири сарфаи маблағ танҳо расмро харида, дар чорчӯбаҳои куҳна гузоштанд", – гуфтааст мудири яке аз мактабҳои пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи ӯ, маъракаи навсозии расмҳои президент, ки харҷи он ҳамасола аз ҳисоби кормандони муассисаҳои буҷавӣ пардохт мешавад, солҳост, ба як манбаи даромади нашриётҳо ва фармоишгарони онҳо табдил ёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.