Шабнами Сурайё: «Ҳеҷ гоҳ аз пардохти андоз саркашӣ накардаам»

Asia-Plus

Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё маълумлоти Кумитаи андоз бобати саркашӣ карданаш аз пардохти андозро рад мекунад. Чанде пеш дар газетаи соҳавии худ «Боҷу хироҷ» Кумитаи андоз маълумотеро ба нашр расонид, ки дар он гуфта мешавад, сарояндагону раққосон ва барандаҳои тоҷик дар ҷашну туйҳо ҳунарнамоӣ карда, бидуни патент гирифтан консерт ҳам медиҳанд ва пештар аксари онҳо […]

Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё маълумлоти Кумитаи андоз бобати саркашӣ карданаш аз пардохти андозро рад мекунад.

Чанде пеш дар газетаи соҳавии худ «Боҷу хироҷ» Кумитаи андоз маълумотеро ба нашр расонид, ки дар он гуфта мешавад, сарояндагону раққосон ва барандаҳои тоҷик дар ҷашну туйҳо ҳунарнамоӣ карда, бидуни патент гирифтан консерт ҳам медиҳанд ва пештар аксари онҳо патент гирифта, акнун қарор кардаанд, ки гирифтанги он зарурат надорад.

Мувофиқи Кодекси андози Тоҷикистон, намояндагони шоу-тиҷорати ватанӣ сарфи назар аз ҳаҷми даромадашон, ҳар моҳ бояд ба буҷети давлат 540 сомонӣ маблағ супоранд. Қаблан ҳаҷми андоз аз рӯи даромад муқаррар мешуд, вале дар маълумоти Кумитаи андоз қайд мешавад, ки бархе аз ҳунармандон даромадҳои воқеии худро пинҳон медоштанд, аз ин рӯ, баъдан махсус патент ҷорӣ шуд.

Ҳозир ҳунармандон тибқи салоҳдиди худ бо ду восита – тибқи патент 540 сомонӣ ё мувофиқи шаҳодатнома дар бораи соҳибкории инфиродӣ 4% аз даромади моҳонаи худро пардохт карда метавонанд.

Дар «рӯйхати сиёҳ»-и Кумитаи андоз, ки дар газетаи «Боҷу хироҷ» чоп шуд, номи 102 ҳунарманд зикр шудааст. Миёни қонуншиканон ситораҳои эстрадаи тоҷик – Шабнами Сурайё, Меҳрнигори Рустам, Суруш Холов, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсуфова, Сарвиноз Юсуфӣ, Фахриддини Малик ва дигарон ҳузур доранд.

Худи Шабнам аз шарҳи масъала худдорӣ варзида, аммо наздиконаш бо ирсоли нусхаи патент ва расид (квитансия)-ҳои пардохти андози ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ин овозхон ҳама вақт талош мекунад андозашро супорад.

Ба қавли наздиконаш, Шабнами Сурайё бори охир 9-уми декабри соли 2013 патент гирифта то ҳол онро набастааст. “Шабнами Сурайё ҳама вақт талош мекунад, маблағи андозашро аз рӯи патент супорад. Ҳатто дар моҳҳое, ки ба ягон тӯй наравад ҳам, ӯ аз пардохти андоз саркашӣ намекунад,” – изхор доштааст яке аз наздикони Шабнам.

Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигари маъруф низ иддаои Кумитаи андоз дар бораи фирор аз молиётро рад кард. Садриддини Наҷмиддин, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду соли ахир асосан дар хориҷи кишвар буд ва барои ҳар фаъолияташ дар дохили Тоҷикистон андозашро супурдааст.

Ин овозхони маъруфи тоҷик дар як паёми телефониаш аз хориҷа инчунин таъкид кардааст: “Ҳар дафъае, ки ба Тоҷикистон меравам ва як ё ду моҳ меистам, патентамро мегирам, барои чанд тӯю маъракае, ки мегузаронам, андоз месупорам.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.