Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017: – Раҳбарияти мақомоти шаҳрдории Душанбе – оғоз соати 14:00; – Хадамоти гумруки назди ҳукумати  Тоҷикистон – оғоз соати 10:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8093 сомонӣ; 1 евро – 10.9350 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

– Раҳбарияти мақомоти шаҳрдории Душанбе – оғоз соати 14:00;

– Хадамоти гумруки назди ҳукумати  Тоҷикистон – оғоз соати 10:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8093 сомонӣ;

1 евро – 10.9350 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1574 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1500 — Аврупоиҳои аввалин ба Бразилия омада, резишгоҳи Амазонкаро кашф намуданд.

1924 — Шаҳри Петроград ба Ленинград номгузорӣ шуд.

1956 — Анҷумани X-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

1963 — Фурудгоҳи нави Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

2004 — Бо фармони президент фармондеҳи Гвардияи президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев аз вазифа озод карда шуд. Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

2011 — Дар Тоҷикистон нисбат ба масъалаи никоҳ бо хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

1935 — Зодрӯзи шоир Наримон Бақозода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят баъзан барф, дар шарқи вилоят аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф). 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0+2.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.