Мусодираи 29 кило симоб дар шимоли Тоҷикистон

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави шаҳри Исфараи вилояти Суғд 29 кило симобро мусодира намуданд, ки тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба ҷумҳурӣ ворид шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ду марди 31 ва 34-солаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави шаҳри Исфараи вилояти Суғд 29 кило симобро мусодира намуданд, ки тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ду марди 31 ва 34-солаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, онҳо аз “Қилич” ном шаҳрванди Қирғизистон моддаи сахттаъсири заҳролудкунанда, яъне “металли симоб”-ро, ки ҳар як килограмми онро 1 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда буданд, пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба минтақаи Зарафшони шаҳри Исфара ворид намудаанд.

«Санаи 22-юми январи соли 2018, тахминан соати 18:50-дақиқа, ҳангоми кофтуков аз онҳо 29-килограмм моддаи моеъи ба гурӯҳи “металли симоб” дохилшаванда, дарёфт ва мусодира карда шуд», – омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.