Табибони гунаҳкор ба марги духтари ҳунарманд Сайрам Исоева маҳкум шуданд

Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд ду табиберо, ки ба марги Саодат Саломова, актриса ва сарбалетмейстери театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва духтари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева гумонбар дониста мешуданд, 3-солӣ ба зиндон маҳкум кард. Маҳкумшудагон табиби маркази мубориза бо бемории сили вилояти Суғд Ҳотам Отамбоев ва корманди озмоишгоҳи маркази бемории сили шаҳри Хуҷанд Меҳрӣ Юсуфова мебошанд. […]

Суди шаҳри Хуҷанд ду табиберо, ки ба марги Саодат Саломова, актриса ва сарбалетмейстери театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва духтари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева гумонбар дониста мешуданд, 3-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Маҳкумшудагон табиби маркази мубориза бо бемории сили вилояти Суғд Ҳотам Отамбоев ва корманди озмоишгоҳи маркази бемории сили шаҳри Хуҷанд Меҳрӣ Юсуфова мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки Саодат Саломова дар Маркази мубориза бо бемории сил рӯзи 1 апрели соли гузашта дар синни 50-солагӣ аз хунравӣ ба мағзи сар ҳалок шуд.

Диалафрӯз Самадова, адвокати оилаи Саломовҳо изҳор дошт, ки дигар маводи қонуншиканиҳо, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ ошкор шуд, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Раёсати тандурустии вилоят фиристода шудааст.

Қаблан Дилафрӯз Самадова ба «Азия-Плюс» хабар дода буд,ки наздикони марҳум табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд: консилиуми табибон муайян кардааст, ки Саодат Саломова бинобар сабаби ташхиси нодуруст гузоштан фавтидааст.

«19 марти соли гузашта ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Хуҷанд меоранд. Ташхис гирифта шуда, он ба Маркази мубориза бо бемории сили Хуҷанд фиристода мешавад. Бар асоси ин ташхис табиб бемории Саодат Саломоваро сил муайян мекунад. Бо ин беморӣ ӯро ба маркази вилоятии мубориза бо бемории сил гузаронида, муддати 10 рӯз муолиҷа мекунанд, вале ҳолати ӯ рӯз то рӯз вазнинтар мешавад ва санаи 1 апрел ӯ вафот мекунад», – гуфта буд Самадова.

Ба гуфтаи ӯ, баъди марг ташхиси судиву тиббӣ муайян кардааст, ки Саодат Саломова «ба ин беморӣ гирифтор набуд, лекин табибон маҳз бо ташхиси ҳамин беморӣ ӯро муолиҷа карда, дорувории пурқуввати зидди бемории сил медоданд».

Ба қавли адвокат, парванда боз гардида, тафтишот муайян кард, ки озмоиши оби даҳони гирифта рӯзи 20 март аз Саломова дар озмоишгоҳи Маркази мубориза бо бемории сили Хуҷанд, ки дар он гӯё аломатҳои бемории сил ошкор шудааст, дар асл ба Саломова тааллуқ надошта, кормандони озмоишгоҳ найчашишаҳоро аралашу омехта ё барқасдона онро иваз кардаанд.

«Гумонбарон дар парванда табиби маркази мубориза бо бемории сили вилояти Суғд Ҳотам Отамбоев ва корманди озмоишгоҳи маркази бемории сили шаҳр Меҳрӣ Юсуфова мебошанд. Аввалӣ медонист, ки Саломова аз бемории сил азият намекашад, зеро рӯзи 28 март, вақте ки ӯ аллакай дар ин марказ буд, ташхиси такрорӣ мавҷуд набудани аломатҳои бемории силро нишон дод, вале ӯ ба иҷрои қарори консилиуми табибон, ки ин ташхисро тасдиқ карда буд, қариб то марги ҳунарманд идома дод», – таъкид намуд Дилафрӯз Самадова.

Адвокат то ҳол талош дорад ошкор бикунад, ки чаро танҳо Отамбоев ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ки танҳо қарори як консилиуми табибонро иҷро мекард, вале табибони консилиум барои носаҳеҳ ташхис гузоштан ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудаанд.

«Онҳо медонистанд, ки ӯ бемории сил надорад, вале ба додани дорувориҳо барои муолиҷаи бемории вуҷуднадошта идома медоданд», – илова намуд адвокат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.