«Нони сиёҳ»: Пирӯзии аксбардори тоҷик дар озмуни «50 намунаи оқибатҳои тағйирёбии иқлим»

Дар доираи кори дурӯзаи Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масоили тағйирёбии иқлим рӯзи 24 январ дар шаҳри Алмаато маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни аксбардорӣ доир гардид. Ба озмун 300 аксҳои натанҳо суратгирони касбӣ, балки шахсони касбу кори гуногуни минтақа пешниҳод гардида, 156 акси ҷавобгӯ ба талаботи озмун интихоб шуд. Ғолибон дар се бахши озмун – […]

Давлатёр Байдулло, Asia-Plus

Дар доираи кори дурӯзаи Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масоили тағйирёбии иқлим рӯзи 24 январ дар шаҳри Алмаато маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни аксбардорӣ доир гардид.

Ба озмун 300 аксҳои натанҳо суратгирони касбӣ, балки шахсони касбу кори гуногуни минтақа пешниҳод гардида, 156 акси ҷавобгӯ ба талаботи озмун интихоб шуд.

Ғолибон дар се бахши озмун – «Нақши зан дар истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар шароити иқлими тағйирёбанда», «Оқибатҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ» ва «Таъсири тағйирёбии иқлим ба некӯаҳволии мардуми деҳоти Осиёи Марказӣ» эълон шуданд.

Дар бахши «Нақши зан дар истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар шароити иқлими тағйирёбанда» аксбардори тоҷик Дидор Саъдуллоев ғолиб дониста шуда, ба ӯ дастгоҳи аксбардорӣ тақдим шуд.

Сурате, ки барои он Дидор Саъдуллоев зинаи аввалро ишғол кард, дар ноҳияи Айнӣ аксбардорӣ шудааст. Дар он Сайёра тасвир ёфтааст, ки аллакай муддати 45 сол дар кони маҳаллӣ кор мекунад. Ӯ дар чуқурии 100 метр дастӣ ангишт канда, халтаҳои 30-килогиро ба берун мебарорад.

«Баъди марги шавҳар як қитъа дар кон  ба Сайёра тааллуқ дошта, ҳамсараш 5 сол пеш даргузашт ва муддати тамоми ин солҳо ӯ ягона саробону ноновари хонадон аст», – ҳикоят мекунад Дидор.

Сайёра дар як рӯз 6 халта ангишт ба берун бароварда, онро дар қишлоқи ҳамсоя 25 сомонӣ мефурӯшад. Ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст, то рӯзҳои охирини зимистон. Тобистон ӯ чӯпонӣ мекунад, то ки музди рӯзгори кӯдаконашро пайдо кунад…

Қобили зикр аст, ки боз як намояндаи Тоҷикистон Геннадий Ратушенко дар бахши «Оқибатҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ» мақоми сеюмро касб кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.