ВКД барои шиносоии ҷасади мард кумак мехоҳад

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки ба муайян кардани шахсияти марде, ки санаи 16 январ дар деҳаи Файзбахши ноҳияи Данғара дар дарахт овезон дарёфт шуд, мусоидату кумак кунанд. АКСҲОИ ҷасадро бо ин суроға дидан мумкин аст. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, ҷасад аллакай муддати 9 […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки ба муайян кардани шахсияти марде, ки санаи 16 январ дар деҳаи Файзбахши ноҳияи Данғара дар дарахт овезон дарёфт шуд, мусоидату кумак кунанд.

АКСҲОИ ҷасадро бо ин суроға дидан мумкин аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, ҷасад аллакай муддати 9 рӯз аст, ки дар мурдахона (морг) қарор дошта, вазорат чандин маротиба бо нашри эълонҳо дар сомонаи худ дар ин хусус маълумот дода буд, лекин алҳол касе аз наздикони ҷасад пайдо нашудааст.

ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар сурати маълумот доштан дар бораи ин шахс ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ – 221-21-21 ё қисми навбатдории ШВКД ноҳияи Данғара бо телефонҳои: (83312) 2-14-60, 900 16 37 54, 905 77 97 97, 884-88-90-91 ва ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 хабар диҳанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад