Дуздии қариб ним миллион доллари як ширкати сохтмонӣ

Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, Рустам Сафарови 32-соларо ба гумони даст доштан дар дуздии 470 ҳазор доллари ширкати сохтмонии пойтахт дастгир карданд. Бино ба маълумоти сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни пурсиш аз нишондоди гумонбаршаванда маълум мегардад, ки ӯ қаблан барои ба даст овардани маблағ омодагӣ дидааст. «Сипас бо ҳар гуна […]

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, Рустам Сафарови 32-соларо ба гумони даст доштан дар дуздии 470 ҳазор доллари ширкати сохтмонии пойтахт дастгир карданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни пурсиш аз нишондоди гумонбаршаванда маълум мегардад, ки ӯ қаблан барои ба даст овардани маблағ омодагӣ дидааст.

«Сипас бо ҳар гуна ашёи оҳанини шикананда масаллаҳ гардида, тақрибан соати 3-30 дақиқаи шаби 16-уми декабри соли 2017 бо шикастани тиреза вориди ҳуҷраи кории ширкати сохтмонӣ гардида, дар ҷустуҷӯ ва кофтукови маблағҳои пулӣ мешавад, – омадааст дар маълумот. – Баъд аз ёфтани сандуқи оҳанин ба воситаҳои оҳанине, ки бо мақсади шикастани он бо худ оварда буд, сандуқро шикаста, аз дохилаш 470-ҳазор доллари ИМА, 10-ҳазор сомонӣ ва 1-ададӣ соату ангуштарини мардонаи тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад».

Гуфта мешавад, сипас гумонбаршаванда бо пинҳон кардани маблағҳои калони бо роҳи ҷиноят бадастомада дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг паноҳ бурдааст.

Қайд мешавад, ки дар натиҷаи амалинамоии чорабиниҳо бо роҳу усулҳои оперативӣ парда аз рӯи ҷиноят кушода, 330-ҳазор доллари амрикоии дуздидашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардида,  ҳамчунин зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки боздоштшуда Сафаров Рустам дар содир намудани зиёда аз 12-лаҳзаи дигари ҷиноятҳои дуздӣ гумонбар дониста мешавад. 

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбатаи гумонбаршаванда Сафаров Рустам Абдулвоҳидович бо моддаи 244 қисми 4 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.