Вазъи хеле ногувори маъюбони комбинати нобиноёни Ҳисор

Кормандон-маъюбони комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён дар шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор изҳор мекунанд, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир намекунанд. Аъзои ҷамъияти нобиноён дар Ҳисор 400 нафар ва дар корхона 170 нафар аст. Имрӯз кормандони комбинат ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Кор нест, шароити зиндагӣ хеле душвор. Аксарият барои талбандагӣ роҳи Душанбе ё дигар шаҳрҳоро […]

Asia-Plus

Кормандон-маъюбони комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён дар шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор изҳор мекунанд, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир намекунанд.

Аъзои ҷамъияти нобиноён дар Ҳисор 400 нафар ва дар корхона 170 нафар аст. Имрӯз кормандони комбинат ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Кор нест, шароити зиндагӣ хеле душвор. Аксарият барои талбандагӣ роҳи Душанбе ё дигар шаҳрҳоро пеш мегиранд.

Содиқ Баҷгонов, яке аз кормандони комбинат изҳор намуд, ки вақте корхона фаъолият дошт, аз ҳисоби даромади худ кормандонро бо манзил таъмин мекард, вале солҳои 90-ум шахсони бегона барои комбинат қариб ҳамаи манзилҳоро хусусӣ карда, дар натиҷа корхона аз манзилҳои кормандони худ маҳрум шуд.

– Президент барои сохтмони манзили баландошёна барои мо 1 гектар замин ҷудо кард ва дар доираи ҷашни 3000-солагии Ҳисор онро бояд месохтанд, лекин бо кадом сабабе замин то ҳол холӣ буда, ҳеҷ касе ба ин масъала кор надорад. Аз ин рӯ, маъюбон ба мақомоти гуногун ҷиҳати гирифтани манзил муроҷиат мекунанд, – гуфт ӯ.

Шаҳраки Ҳаёти Нав дар Ҳисор солҳои 70-уми асри гузашта дар робита ба сохтмони комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён бунёд гардида, дар ин корхона беш аз 10 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешуд, лекин сар аз соли 1995 комбинат қариб аз кор монда, тамоми иншооти зербинои шаҳрак корношоям шуд, қисмате аз мағозаву фурӯшгоҳҳо ва манзилҳо фурӯхта шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.