Коршинос: Доктринаи Иноятов ба сиёсати Шавкат Мирзиёев созгор набуд

Asia-Plus

Дар робита ба истеъфои роҳбари хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор намуд, ки Иноятов натанҳо сиёсати дохилии кишвар, балки муносибатҳои Тошканд бо ҳамсоякишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро низ муайян мекард. «Рустам Иноятов доир ба роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои минтақа назари худро дошт, ки ба сиёсати президенти нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев созгор […]

Дар робита ба истеъфои роҳбари хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор намуд, ки Иноятов натанҳо сиёсати дохилии кишвар, балки муносибатҳои Тошканд бо ҳамсоякишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро низ муайян мекард.

«Рустам Иноятов доир ба роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои минтақа назари худро дошт, ки ба сиёсати президенти нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев созгор набуд, зеро аз аз замони сари мансаб омадан сарвари нави Ӯзбекистон изҳор дошт, ки роҳандозии муносибатҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа – Тоҷикистону Туркманистон ва Қирғизистону Қазоқистон афзалияти асосии сиёсати хориҷии кишвар хоҳад буд», – гуфт сиёсатшинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, генерал-полковник Рустам Иноятов бо баҳонаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок ислоҳоти ҷоримешуда аз ҷониби Мирзиёев дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро боздошта метавонист.

Сиёсатшинос муътақид аст, ки ба истеъфо рафтани роҳбари Хадамоти мнияти миллии Ӯзбекистон ба ҷараёни амалисозии сиёсати Мирзиёев нисбати кишварҳои ҳамсоя суръат мебахшад.

Ба ақидаи сиёсатшинос ва журналисти  тоҷик Нуралӣ Давлат, муддати беш аз 20 соли роҳбарӣ ба Хадамоти амният Рустам Иноятов «давлат дар дохили давлат»-ро бунёд кард.

«Иноятов дастпарвардаи Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, таҷрибаи кори ин ниҳод дар масъалаҳои роҳандозии таъқиботи сиёсӣ, пулиси махфӣ, назорати сартосарии шаҳрвандонро дар Ӯзбекистон ҷорӣ намуд», – қайд кард коршинос.

Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки маҳз Иноятов бо роҳандозии таҷрибаи ҷустуҷӯи «душманони кишвар», ба мардум воҳимаву ҳаросро талқин карда, дар сароғози ба сардӣ гароидани муносибатҳои Тошканди расмӣ бо кишварҳои минтақа низ ӯ даст дошт.

Ёдрас мекунем, ки Рустам Иноятов санаи 31 январ аз мансаби раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сабукдӯш шуда, ҳуди ҳамин рӯз ба вазифаи мушовири президент оид ба масоили сиёсӣ- ҳуқуқӣ таъин шуд. Ӯ муддати беш аз 22 сол вазифаи роҳбари Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистонро бар дӯш дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.