Парлумон аз ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони моратория дастгирӣ кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони моратория ба санҷишҳо дар субъектҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ ҷонибдорӣ намуд. «Ҷиҳати бартараф кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолӣ президент ҳанӯз 16 январ чунин фармонро ба имзо расонида буд», – қайд кард зимни […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони моратория ба санҷишҳо дар субъектҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ ҷонибдорӣ намуд.

«Ҷиҳати бартараф кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолӣ президент ҳанӯз 16 январ чунин фармонро ба имзо расонида буд», – қайд кард зимни суханронӣ раиси Кумитаи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

Дар ин робита президенти мамлакат дастур дода буд, ки ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Агентии зиддифасод ва Бонки миллӣ,  муддати ду соли оянда ба дигар санҷишҳо моратория эълон карда шавад.

Ҳамралиев таъкид дошт, ки баъди қабули қонун «Дар бораи моратория» дар ҷумҳурӣ рӯйхати махсуси субъектҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсоли тартиб дода шуда, онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар сурати риоя нашудани меъёрҳои қонуни мазкур ба мақомоти дахлдори ҳукумат муроҷиат кунанд.

Вакилони парлумон ҳамчунин боз як ташаббуси дигари президент дар бораи ворид намудани атғйироту иловаҳо ба Кодекси андоз ва гумрукро низ маъқул шумориданд, ки мутобиқи он, ҶСК «Тоҷик эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон зимни воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.