Ба сокинони 9 деҳаи Тоҷикистон бори нахуст барқ дастрас мешавад. Бо кумаки Корея

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии ҳамкории байнулмилалии Корея (KOICA) барои сохтмони шабакаҳои барқӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолии дараи Ромит ба сифати кумаки бебозгашт 6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар Душанбе байни Вазорати мазкур, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва KOICA дар ин […]

Агентии ҳамкории байнулмилалии Корея (KOICA) барои сохтмони шабакаҳои барқӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолии дараи Ромит ба сифати кумаки бебозгашт 6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар Душанбе байни Вазорати мазкур, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва KOICA дар ин хусус санади дахлдор ба имзо расид.

Лоиҳа дар қаламрави нуҳ деҳаи дараи Ромит – Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор амалӣ шуда, сокинони ин деҳаҳо бори нахуст ба нерӯи барқ ва хизматрасонии муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа як зеристгоҳи 110/10 киловолт ва беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 киловолт сохта шуда, трансформатор, низоми муосири назорат ва баҳисобгирии барқ насб ва ҳамчунин бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.