Кумита: Номи беш аз 1500 деҳа ва ҷамоату дарёҳо ба меъёри забони тоҷикӣ мутобиқ нест

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода изҳор намуд, ки кормандони ин ниҳод зимни санҷишҳо 1566 номҳои ҷуғрофиеро ошкор кардаанд, ки ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд. «Бо мақсади омӯзиши номи маҳалҳои ҷуғрофӣ ҷиҳати мутобиқат ба меъёрҳои забони тоҷикӣ, Кумита дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор моҳи апрели соли […]

Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода изҳор намуд, ки кормандони ин ниҳод зимни санҷишҳо 1566 номҳои ҷуғрофиеро ошкор кардаанд, ки ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.

«Бо мақсади омӯзиши номи маҳалҳои ҷуғрофӣ ҷиҳати мутобиқат ба меъёрҳои забони тоҷикӣ, Кумита дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор моҳи апрели соли 2017 санҷиш гузаронида, мониторинги 10295 номҳо нишон дод, ки 1566 номҳо, аз ҷумла номи 836 деҳа, 58 ҷамоат, 672 чарогоҳу кӯҳ, дарёву кӯлҳо, чашмаву пул ва ғайра ба меъёри моддаи 19 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Шарофзода, соли гузашта мақомоти судӣ аз рӯи далелҳои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ 318 парвандаи маъмуриро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳаҷми 60 ҳазору 720 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

«Ҳамчунин Кумита дар мавриди масъалаи номгузории тифлон ва тағйири ному насаб 90 аризаи шаҳрвнадонро баррасӣ намуда, мувофиқи натиҷаҳои ташхис 55 ариза маъқул ва 35 ариза рад карда шуд», – илова кард раиси Кумита.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.