Кумитаи занон: хусурон аз серхобии келинҳои ҳомиладор шикоят мекунанд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ аз ҷониби хусурон (падаршӯй) доир ба серхобии келинҳо ҳангоми ҳомиладориашон арзу шикояти зиёде ворид шудааст. Раиси Куммитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки шавҳарони чунин занҳо низ арзу шикоят мекунанд. «Мо ба онҳо […]

Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ аз ҷониби хусурон (падаршӯй) доир ба серхобии келинҳо ҳангоми ҳомиладориашон арзу шикояти зиёде ворид шудааст.

Раиси Куммитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки шавҳарони чунин занҳо низ арзу шикоят мекунанд.

«Мо ба онҳо посух додем, ки ин занон фарзандону набераҳои шуморо таваллуд мекунанд ва саломатии онҳоро эҳтиёт кардан лозим аст, – гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, Кумита аз Вазорати тандурустӣ равоншиносонро давъат намуда, бо ин гуна мардон дар мавриди чӣ гуна шароитҳо фароҳам овардан барои занони ҳомиладор суҳбатҳо гузаронид».

Дар идома ӯ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2017 дар саросари ҷумҳурӣ 2 ҳазору 100 ҳодисаи аз ҳам пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки асосан оилаҳои ҷавон будаанд.

«Аз ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оилаҳо ба мо наздики якуним ҳазор ариза ворид шуд. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ин аризаҳо 281 мавод ба суд ирсол гардида, аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли Қосимзода, соли 2017 дар қаламрави кишвар 497 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016 (596 ҳодиса) 99 ҳолат камтар аст.

«Дар вилояти Суғд аз ҳама бештар занон даст ба худкушӣ мезананд, – афзуд раиси Кумита. – Бо даст ба худкушӣ задан онҳо фаромӯш месозанд, ки азимтарин гуноҳро содир мекунанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.