Шиносоии президент бо фаъолияти корхонаи бандубасти автобусҳои «AKIA»

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, дар ин ҷо нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати […]

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, дар ин ҷо нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар Тоҷикистон байни шаҳрдории Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонида шудааст.

Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба Тоҷикистон корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст.

Инчунин, тибқи муқаррароти шартнома интиқоли автобусҳо бо шумораи муайян амалӣ карда мешаванд ва худи ҳамин рӯз дар марҳилаи дуюм боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.

Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Тибқи иттилои масъулон баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи  нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.