Тӯли 1 сол ба Тоҷикистон 1,1 млрд. доллар сармоягузорӣ ҷалб шуд

Asia-Plus

Сандуқи сармоягузории давлатии Тоҷикистон аз 68 лоиҳа ба маблағи қариб 25 млрд. сомонӣ (2,8 млрд доллар) иборат аст. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба ин маҷмӯъ 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант дохил мешаванд. Гуфта мешавад, азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда […]

Сандуқи сармоягузории давлатии Тоҷикистон аз 68 лоиҳа ба маблағи қариб 25 млрд. сомонӣ (2,8 млрд доллар) иборат аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба ин маҷмӯъ 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант дохил мешаванд.

Гуфта мешавад, азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар соли 2017 дар маҷмӯъ 2,59 млрд. сомониро (293,5 млн. доллар) ташкил додааст.

Зикр мегардад, ки давоми соли 2017 ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18 созишномаи нав ба маблағи умумии 608,8 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки ин назар ба соли 2016-ум 362,0 миллион доллар зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, аз маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 78 фоизи онро (474,9 млн. доллар) маблағҳои қарзӣ ва 22 фоизи онро (133,9 млн. доллар) воситаҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Қайд мешавад, ки дар доираи созишномаҳои нав барои дастгирии буҷети давлатӣ – 50,0 млн. доллар, соҳаи энергетика – 385,9 млн. доллар, нақлиёт – 75,0 млн. доллар, ҳолатҳои фавқулодда – 50,0 млн. доллар, маориф – 36,5 млн. доллар ва хоҷагии манзилию коммуналӣ – 11,35 млн. доллар кӯмаки беруна равона карда мешаванд.

Тибқи маълумоти Кумита, соли 2017 бо дарназардошти вомбаргҳои давлатӣ ба ҷумҳурӣ 1, 1 млрд. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 – ум 30,6 фоиз зиёд мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.