Яке аз хиёбонҳои Остона Абӯабдулло Рӯдакӣ номгузорӣ мешавад

АМИТ «Ховар»

Рӯзҳои 12-13 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату кумитаҳо ва мақомоту идораҳои ду давлат ширкат намуданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар […]

Рӯзҳои 12-13 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату кумитаҳо ва мақомоту идораҳои ду давлат ширкат намуданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар Давлатзода намояндагӣ кард.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкдорию молиявӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Пешниҳод гардид, ки табодули таҷриба дар соҳаи санъати театрӣ ва навозандагиву сарояндагӣ бештар гардида, намояндагони ду ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, ҷашнвораҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои ҳар ду тараф фаъолона иштирок намоянд.

Соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Қазоқистон 840 млн. долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2016 ба андозаи 25% зиёдтар аст. Ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 515 млн. доллар (33 млн. доллар бештар) ва ҳаҷми содироти муолу маҳсулот аз Тоҷикистн ба Қазоқистон 325 млн. доллар (130 млн. доллар зиёдтар)-ро ташкил дод.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ яке аз рукнҳои муҳими таҳкими муносибатҳои минбаъдаи ду кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки масъалаи ба номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гузоштани яке аз кӯча ё хиёбонҳои шаҳри Остона дар доираи риояи талаботи қонунгузории дуҷониба дида мешавад.

Инчунин ташкили тахтаи фахрӣ ба ифтихори аввалин узви фахрии хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик К. Сатпаев дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.