Манъи якумрии ишғоли мансаб ба кормандони фасодкори сохторҳои қудратии Қирғизистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Қирғизистон рӯйхати мансабдорони мақомоти қудратӣ ва додситонӣ таъсис дода мешавад, ки боре ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ё дуздии амволи давлатиро кардаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора муовини аввали котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев хабар додааст. "Ин рӯйхат барои чӣ зарур аст? Барои он ки […]

Дар Қирғизистон рӯйхати мансабдорони мақомоти қудратӣ ва додситонӣ таъсис дода мешавад, ки боре ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ё дуздии амволи давлатиро кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора муовини аввали котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев хабар додааст.

"Ин рӯйхат барои чӣ зарур аст? Барои он ки афроди фасодкор натавонанд то охири умр дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби вазифа шаванд", – гуфтааст Сагинбоев.

Вай ҳамчунин афзудааст, парвандаҳои марбут ба фасодкорӣ ва дуздии маблағи буҷа, ки бе асос қатъ шуда буданд, дар фурсатҳои наздик дубора ба баррасӣ гирифта хоҳанд шуд.

Зикр мегардад, ки Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон 13 феврал қарори Шӯрои амниятро "Дар бораи чораҳои мубориза бо фасодкорӣ дар низоми додгоҳӣ, назоратӣ ва мақомоти интизомии Қирғизистон" имзо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

“Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди масъули танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз сокинону меҳмонони Душанбе хостааст, ки ба кирокашҳои ғайрирасмӣ ё ба истилоҳ “10-сомонӣ” савор...

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?