Суғд: ҳалокати 195 нафар дар ҳодисаҳои фавқулодаи соли гузашта

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Соли гузашта дар вилояти Суғд бар асари ҳодисаҳои фавқулода 195 нафар (соли 2016 – 183 нафар) ба ҳалокат расиданд. Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Анвар Қосимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 790 ҳолатҳои фавқулодаи гуногун (соли 2016 – 775 ҳолат) ба қайд […]

Соли гузашта дар вилояти Суғд бар асари ҳодисаҳои фавқулода 195 нафар (соли 2016 – 183 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Анвар Қосимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 790 ҳолатҳои фавқулодаи гуногун (соли 2016 – 775 ҳолат) ба қайд гирифта шуда, маблағи зиёни расида аз онҳо 8 млн. 901 ҳазору 221 сомонӣ (соли 2016 – 81 млн. 731 ҳазору 890 сомонӣ)-ро ташкил дод.

Қосимов зикр кард, ки давоми моҳҳои апрел-августи соли 2017 ҳаҷми зарар аз боришоти шадид, селфароӣ ва болоравии сатҳи оби дарёи Зарафшон 3 млн. 980 ҳазору 155 сомониро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2017 дар дарёву кӯл ва обанборҳои вилоят 127 ҳодисаи ғарқшавии одамон ба қайд гирифта, бар асари онҳо 53 нафар ҳалок ва 74 нафар наҷот дода шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.