Барои бинои сафорати Тоҷикистон Тошканд 1 гектар замин ҷудо мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳукуматдорони ин кишвар барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд 1 гектар қитъаи замин ҷудо мекунанд, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон. «Қитъаи замин дар маркази Тошканд ҷудо шуда, корҳои сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии […]

Дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳукуматдорони ин кишвар барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд 1 гектар қитъаи замин ҷудо мекунанд, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.

«Қитъаи замин дар маркази Тошканд ҷудо шуда, корҳои сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии қаламрави бино аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Сарчашмаи хабар аз эҳтимол дур намедонад, ки ояндаи наздик дар Душанбе низ барои сохтмони бинои сафорати Ӯзбекистон қитъаи замин ҷудо мешавад.

Бино ба маълумоти манбаъ, ғайр аз ин, дар доираи сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон байни Тошканду Душанбе дар бораи сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ ва бемористони бисёрсоҳавӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо мерасад.

Ба гуфтаи манбаъ, мактаби таҳсилоти умумӣ дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва бемористон дар вилояти Хатлон сохта мешаванд. Лекин аз додани маълумот оид ба маблағи умумии сохтмони ин иншоот, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, худдорӣ варзида шуд.

Сафари давлатии президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аввали моҳи март пешбинӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.