Маълумоти роҳбари ВКД доир ба ислоҳоти милитсия дар САҲА

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар шаҳри Вена (Австрия), ки дар он намояндагони кишварон-иштирокчиёни САҲА ширкат доштанд, суханронӣ намуд. Бино ба маълумоти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ба ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода аз тарафи Котиби генералии САҲА Томас Гремингер ва раиси амалкунандаи (аз тарафи Испания) Кумитаи амнияти […]

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар шаҳри Вена (Австрия), ки дар он намояндагони кишварон-иштирокчиёни САҲА ширкат доштанд, суханронӣ намуд.

Бино ба маълумоти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ба ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода аз тарафи Котиби генералии САҲА Томас Гремингер ва раиси амалкунандаи (аз тарафи Испания) Кумитаи амнияти САҲА, сафир Виктория Гонсалес Роман даъват шуда буд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода дар суханронии худ оид ба пешрафт ва мушкилот дар раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, инчунин дар бораи натиҷаҳои ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо САҲА дар татбиқи ин ислоҳот иттилоъ дод.

Дар робита ба ҳамкории милитсия бо ҷамоатҳои маҳаллӣ, вазир изҳор дошт: «Тоҷикистон талош меварзад, то барои шаҳрвандони кишвар, ки дар маҳалҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд шароит фароҳам оварад, то онҳо бидуни сафар намудан ба марказҳои маъмурӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ бархӯрдор гарданд».

Ӯ қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо САҲА «Участкаҳои нави намунавии милитсия» таъсис дода мешаванд. Ин гуна участкаҳо –  марказҳои милитсия мебошанд, ки дар онҳо як нафар корманди милитсия, як нафар равоншинос ва як нафар намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кор хоҳанд кард.

Раиси Кумитаи амнияти САҲА, сафир Виктория Гонсалес Роман, гуфт: «Баромади Рамазон Раҳимзода ба мо имкон медиҳад, то мо мавзӯи бисёрҷонибаи вобаста ба идоракунии бахши амният ва ислоҳоти он, инчунин ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати амнияти минтақавиро ба таври густурда муҳокима намоем».

Зикр мегардад, ки дар рафти муҳокима Рамазон Раҳимзода масоили марбут ба ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар ҳифзи тартибот ва ворид намудани масъалаҳои гендерӣ ба раванди ислоҳоти милитсияро, ки ба ин масоил кишварон-иштирокчиёни САҲА мароқи хоса доранд, баррасӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.