Нахустин Форуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон

Asia-Plus

Дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони “Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, дар қисми аввали Форум, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода баргузор гардид, намояндагони илму фарҳанг занони соҳибкор ва фаъолзанон дар мавзӯи нақши занон […]

Дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони “Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, дар қисми аввали Форум, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода баргузор гардид, намояндагони илму фарҳанг занони соҳибкор ва фаъолзанон дар мавзӯи нақши занон дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бахусус чакану қуроқдӯзӣ, заргарӣ ва оиди дигар ҳунарҳои мардумӣ баромад намуданд.

Гуфта мешавад, нимаи дуюми рӯз форум ба кори худ бо баргузории  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муайян кардани соҳибкорзани муваффақ идома бахшид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо маҳсули дастони занони ҳунарманд шинос шуда баҳои баланд дод.

Дар вазъияти ботантана 6 зани ҳунарманди Хатлон Шоинова Ҳусния, Раҷабова Инобат, Сайдалиева Саодат, Азимова Зарҳал, Набиева Робиямо ва Сафарова Мавлуда ғолиби озмуни “Соҳикорзани муваффақ” дониста шуда, бо сипоснома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Форуми мазкур бо мақсади рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги кишвар дар сатҳи ҷаҳони мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.