Тоҷикистон аз ХБА кумак мехоҳад. Хазина мушаххасот талаб дорад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев ба Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешниҳод намуд, ки дар сатҳи нав ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, БМТ аз Хазина кумак дархост кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, дар Дафтари асосии ХБА ҳайати БМТ таҳти роҳбарии Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазина таҳти роҳбарии муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир мулоқоти корӣ доир намуд.

Дар мулоқоти корӣ ҳайати БМТ-ро намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА Илҳом Раҷабов ва ҳайати ХБА-ро роҳбари Хазина оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ва як қатор намояндагони сохторҳои ХБА ҳамроҳӣ намуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро барои татбиқ намудани барномаҳои якҷояи БМТ бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кӯмакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намуд.

Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА ҷаноби Ҷиҳад Алвазир зикр намуд, ки ХБА омода аст дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд.

"Барои ин бахшҳои мушаххаси низоми бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолият барои кӯмаки техникиро нишон додан лозим аст. Аз ин рӯ, бо пешниҳод намудани ин номгӯй аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кӯмаки техникӣ эҳтиёҷ мавҷуд аст, Хазинаи байналмилалии асъор омӯхта, баъдан лоиҳаи кӯмакҳои техникиро таҳия менамояд", – зикр намуд ҷаноби Ҷиҳад Алвазир.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонист, ки идома доранд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Гуфтушунидҳои нахустини ҳайати расмии Тоҷикистон бо ХБА оид ба таҳияи барномаи нав дар доираи Механизами васеи қарздиҳӣ (ECF) моҳи октябри соли 2015 доир гардид.

Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машвратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».

«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мкунанд, мувофиқа шаванд», – гуфта буданд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр гардида буд, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», – афзуданд дар БМТ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.