АНОНС
– Ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе. Оғоз соати 10:00;
– Форуми кушод дар Tcell Plaza. Маърӯзаи Қаҳрамон Бақозода, директори Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало», ҷомеашинос ва таҳлилгар дар мавзӯи «10 хатои соҳикборони навкор ва чӣ гуна онро метавон пешгирӣ кард». Оғоз соати 16:00;
– Дар шаҳри Хух-Хото (Чин) даври навбатии мусобиқоти силсилаи маъруфи Гран-прии дзюдо-2018 оғоз мегардад. Дар мусобиқа 400 нафар варзишгарон аз 49 кишвари саросари дунё ширкат варзида, Тоҷикистонро Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило намояндагӣ мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.9824 сомонӣ;
1 евро – 10.5265 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1461 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1933 – Таъсиси ноҳияи Ванҷ.
1945 – Дар Душанбе корхонаи «Трактородеталь» ба кор оғоз кард.
1962 – Ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.
1993 – Миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.
2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.
2010 — Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.
2014 — Собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.
1926 – Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.
1929 – Мавлуди доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.
1937 – Зодрӯзи журналист Қадам Мӯъминшоев.
1946 – Мавлуди нависанда Сулаймон Эрматов.
1948 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.
1949 – Мавлуди журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.
1965 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бахтиёр Худоназаров.
1972 – Мавлуди журналист Самариддин Асозода.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.
Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +7+12.
Дар НТМ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +21+26.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.


