Бинокорони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе гирдиҳам омаданд

Asia-Plus

Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми ташкилоти заминавӣ оид ба мушкилоти танзими техникии Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмони ИДМ ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи сохтмони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Қисмати асосии чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Dushanbe Serena Hotel» доир мегардад. Дар ҷаласа аз фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ натиҷагирӣ шуда, доир […]

Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми ташкилоти заминавӣ оид ба мушкилоти танзими техникии Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмони ИДМ ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи сохтмони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Қисмати асосии чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Dushanbe Serena Hotel» доир мегардад. Дар ҷаласа аз фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ натиҷагирӣ шуда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои сохтмони кишварҳои узви ИДМ табодули назар сурат мегирад, хабар доданд аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ.

Зикр гардид, ки мутахассисон масъалаҳои ҳамоҳангсозии талаботи асноди меъёрӣ-техникӣ дар соҳаи сохтмони ИДМ ва робитаҳои байнидавлатӣ дар бахши моделикунии иттилоотӣ дар сохтмонро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии боз як масъалаи муҳим – беҳбуди таъмини бехатарӣ аз зилзила (сейсмикӣ) ва рушди сохтмони тобовар ба зилзила низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи Созишномаи давлатҳо – кишварҳои узв дар бораи усулҳои умумии низоми санадҳои байнидавлатии меъёрӣ дар сохтмон ва ҷараёни иҷрои корҳои нақшавӣ дар Такшилоти заминавии кишварҳои узви ИДМ дар соли равон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.