Ба рушди низоми омори Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ 2,5 млн. доллар харҷ кард

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ эълон карданд, ки амалисозии лоиҳаи «Татбиқи стратегияи миллии рушди омори Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018» ба итмом расид. Барои амалисозии ин лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба сифати грант 2,5 млн. доллар маблағ ҷудо кард. Дар мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар кишвар, ки санаи 6 июн […]

Asia-Plus

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ эълон карданд, ки амалисозии лоиҳаи «Татбиқи стратегияи миллии рушди омори Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018» ба итмом расид. Барои амалисозии ин лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба сифати грант 2,5 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Дар мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар кишвар, ки санаи 6 июн доир гардид, масоили марут ба амалисозии ин лоиҳа баррасӣ шуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ изҳор намуданд, ки ҳисоботи ниҳоӣ доир ба амалисозии лоиҳаро ояндаи наздик ба баррасии Вазорат пешниҳод мекунанд.

Зимнан таъкид мешавад, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур Бонки ҷаҳонӣ ба сифати грант 2,5 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Ҳадафҳои асосии амалисозии лоиҳа дастгирӣ ва роҳандозии ислоҳот дар низоми миллии омори Тоҷикистон унвон мешаванд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба густариши ҳамкории дуҷониба ва амалисозии лоиҳаҳои муҳим баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар омодагӣ изҳор намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.