Ҳабси писари собиқ муовини роҳбари Агентии зиддифасод барои қатли ҳамсари пешинааш

Собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Бобоҷон Ширинови 33-сола ба гумони қатли собиқ ҳамсараш боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Куштор шоми рӯзи 6 июн дар ноҳияи Синои пойтахт сурат гирфтааст. «Тахминан соатҳои 22-40 ба беморхонаи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Моҳира Ятимоваи 33-сола бо ҷароҳатҳои халландаю бурранда дастрас карда шуд, ки аз ҷароҳатҳои бардошташуда […]

Asia-Plus

Собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Бобоҷон Ширинови 33-сола ба гумони қатли собиқ ҳамсараш боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Куштор шоми рӯзи 6 июн дар ноҳияи Синои пойтахт сурат гирфтааст. «Тахминан соатҳои 22-40 ба беморхонаи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Моҳира Ятимоваи 33-сола бо ҷароҳатҳои халландаю бурранда дастрас карда шуд, ки аз ҷароҳатҳои бардошташуда ба ҳалокат расидааст», – қайд мешавад дар хабар.

Дар ВКД таъкид доштанд, ки Бобоҷон Ширинов бо исрори падараш – Раҷабалӣ Ширинов ба шуъбаи милитсия омада, баёнот медиҳад, ки ҳангоми муноқиша ба собиқ ҳамсараш Моҳира Ятимов бо корд зарба задааст.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова соли 2007 издивоҷ намуда, ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳарду соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардаанд. Миёни ҳамсарон мудом барои кӯдакону амвол муноқиша сар мезад. Ду нафар кӯдакон бо падар ва як нафарашон бо модар зиндагӣ мекарданд. Шоми рӯзи 6 июн ҳангоми муноқишаи навбатӣ Бобоҷон Ширинов ба собиқ ҳамсараш бо корд якчанд зарба зада, пинҳон мешавад.

Бобоҷон Ширинов писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии нахзорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мебошад. Моҳи феврали соли 2015 зимни ҷаласаи Шӯрои амният Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Агентии зиддифасодро танқид кард. Баъди ин дар Агентӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Ширинов низ аз мансаб сабукдӯш шуд.

То таъинот ба мансаби муовини роҳбари Агентии зиддифасод Раҷабалӣ Ширинов солҳои тӯлонӣ мақомоти Пулиси андози Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.