Ҳабси якумрии ӯзбеки дар амали террористии Стокголм дастдошта

Додгоҳи Шветсия Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Ӯзбекистонро барои куштори панҷ одам ва маҷруҳ кардани 10 тани дигар ба ҳабси абад маҳкум кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, моҳи апрели соли 2017 Оқилов бо мошини борбар дар маркази Стокголм пиёдагардонро пахш кард. Зикр мегардад, ки додгоҳи Шветсия гуфтааст, Оқилов "дар анҷом додани ҳамлаи террористӣ" айбдор […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи Шветсия Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Ӯзбекистонро барои куштори панҷ одам ва маҷруҳ кардани 10 тани дигар ба ҳабси абад маҳкум кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, моҳи апрели соли 2017 Оқилов бо мошини борбар дар маркази Стокголм пиёдагардонро пахш кард.

Зикр мегардад, ки додгоҳи Шветсия гуфтааст, Оқилов "дар анҷом додани ҳамлаи террористӣ" айбдор дониста шуд.

Раҳмат Оқилов дар рӯзи ҳамла боздошт шуд ва эътироф кард, ки пушти фармони мошин вай нишаста буд. Вай дар ҷараёни баҳсҳои додгоҳӣ гуфт, ки мехост бо ин роҳ Шветсияро барои муборизааш зидди гуруҳи "Давлати исломӣ" ҷазо диҳад.

Оқилов шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Вай ба Шветсия рафта, дархости паноҳандагӣ карда буд. Аммо мақомоти Шветсия дархости ӯро соли 2016 рад карданд. Як таҳқиқоти муштараки рӯзноманигорон ошкор кард, ки Оқилов бо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" робитаи мустақим доштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.