«Деҳқонон танҳо ним рӯз ёрои кор кардан доранд»: рӯзадорӣ дар деҳот

  Имсол моҳи шарифи Рамазон ба фасли гармои сол ва мавсими киштукору ҷамъоварии ҳосил рост омад. Қаблан дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад, «Агар мо дар ин моҳ, ки […]

Asia-Plus

 

Имсол моҳи шарифи Рамазон ба фасли гармои сол ва мавсими киштукору ҷамъоварии ҳосил рост омад.

Қаблан дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад,

«Агар мо дар ин моҳ, ки ба мавсими киштукор ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне маводи ғизоӣ рост меояд, заҳмат накашем, фурсат аз даст меравад, ҳосил талаф мешавад ва табиист, ки дар зимистон аҳли хонадони мо ба сахтиву мушкилот дучор мешаванд», – таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Мо ба майдонҳои киштукор ва ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ раҳсипор гардидем, то ки аз рӯзгору зиндагии деҳқон дар моҳи Рамазон воқиф шавем.

– Рӯза барои инсон озмоиши бузург аст, – мегӯяд бригадири хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода. – Ба ҷуз беморону нотавонон ва занони ҳомиладор ин ҷо аксарият рӯзадоранд. Аз одамони солим бо тавсияи раҳбарият чанде рӯза нагирифтаанд, зеро кори онҳо дар ҳақиқат ҳам вазнин аст, касе назди зарфҳои (ваннаҳои) корхонаи алюминий кор мекунад ё бинокори Роғун аст, дигаре тамоми рӯз дар саҳро машғули кор мебошад.

Имрӯзҳо мавсими нигоҳубину парвариши пунбадона, ҷамъоварии зироати ғалладона, пиёз, бодиринг, клубника, гелос, зардолу, кишти шолӣ ва ғайра дар авҷ аст.

Кор дар саҳро қувваи зиёд металабад

– Деҳқонон то нимаи рӯз кор мекунанд, аз ин зиёдтар тоқат намекунанд, – мегӯяд фермер. – Ман ҳам рӯзаро сарфи назар карда наметавонам, зеро ин эътиқодам аст, лекин аз ним рӯз зиёд кор кардан барои ман ҳам душвор аст, зеро мо аз соати 5-и субҳ корро оғоз мекунем.

Бобои Ҳалим 70-сола аст. Ӯ майдони бузуги кишти пиёз дорад. Ӯ аз аввалинҳо шуда ба саҳро мебарояд. Баъди ӯ кормандони дигар – оилааш, хешовандон ва ҳамдеҳагонаш ба кор меоянд.

– Ҳарчи зудтар ҳосили майдонҳоро ҷамъ овардан лозим аст, – мегӯяд фермер. – Ҳосили пиёз зиёд аст. Харидорони яклухтгир аз Суғд назди мо омаданд. Як килояшро бо нархи гуногун – аз 80 дирам то 1,30 сомонӣ мефурӯшем.

Барои хишова ва ҷамъоварии ҳосил бобои Ҳалим шахсони бегонаро киро мекунад, ки асосан занон мебошанд. Шавҳарони аксари онҳо дар Русияанд. Барои як рӯзи корашон фермер ба онҳо 30 сомонӣ ҳақмузд пардохт мекунад. Ин аққалан як кумак ба оилаҳо аст, мегӯянд занони кирошуда.

Помидорҳо ба сурхшавӣ ва пухтан расиданд. Аз ин рӯ, ояндаи наздик кор аз мӯи сар ҳам зиёд аст.

– Тобистони гарм ҳам баъди нисфирӯзи кор намекардем, ҳозир бошад, бо сабаби рӯзадорӣ мушкилтар аст, – мегӯянд занон. – Лекин пул ҳам лозим буда, аз ин рӯ, агар ёрои кор кардан дошта бошем, зиёдтару қувва намонад, танҳо то нисфирӯзӣ кор мекунем.

Боғдор Ҳусниддин ба тозакунии боғ аз алаф ва буттаҳои бегона машғул буда, 3 гектар замин дорад. Алҳол дигар кор нест.

– Ҳоло барои ман мавсими душвор нест, аз ин рӯ, бемалол рӯза гирифтан мумкин аст, – мегӯяд ӯ. – Худоро шукр, имсол мавсим салқинтар омад.

Қурбон дар деҳаашон осиёби обӣ дорад.

– Кор ҳарчанд серчангу ғубор бошад ҳам, барои рӯзадорӣ мусоид аст, – хушнудона иброз медорад ӯ. – Гирду атроф серобу салқин аст. Бо қаноатмандӣ рӯза медорам!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.