100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд

АМИТ «Ховар»

Кормандони КДАМ як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа боздошт намуданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон, санаи 9 июни соли 2018, тахминан соати 21:15,  зимни амалиёти кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  дар минтақаи […]

Кормандони КДАМ як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа боздошт намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон, санаи 9 июни соли 2018, тахминан соати 21:15,  зимни амалиёти кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Ёмҷи Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, сокини ҳамин деҳа — Туйбошев Шӯҳрат Мамлукович, соли таваллудаш 1990, аъзои фаъоли гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ  бо 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 3 адад яроқи оташфишон (2 адад тапончаи тамғаи «Глок» ва 1 адад тапончаи тамғаи «Беретта») ва 175 дона тирҳои мансуб ба яроқҳои номбаршуда, ки ба таври қочоқ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дастрас намудааст, дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми амалиёт  се нафар қочоқбарони афғон муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, тавассути дарёи Панҷ ба самти Афғонистон фирор намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобии кормандони мақомоти амният яке аз қочоқбарони афғон безарар гардонида шуд.  Нисбат ба  Ш.Туйбошев  бо моддаҳои 335 қисми 1, 289 қисми 3, 195 қисми 2 ва 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Ҳангоми  нишондод Ш.Туйбошев  оид ба алоқаҳои наздики худ аз ҳисоби аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва даст доштани онҳо дар ин ҷинояти вазнин маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зимнан зикр мегардад, ки тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мазкур идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.