ВКД: Сӯхтор дар Душанбе боми 5 хонаро хароб кард. Талафоти ҷонӣ нест

Нимаи дуюми рӯзи 11 июн дар кӯчаи Дарвози назди «Мясокомбинат»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сабабҳои сӯхтор айни замон мавриди таҳқиқ қарор доранд. «Сӯхтор 5 хонаро фаро гирифт. Он дар яке аз хонаҳо сар зада, аз шамоли бархоста ба хонаҳои паҳлӯ гузашт», – хабар дод котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Бино ба гуфтаи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 11 июн дар кӯчаи Дарвози назди «Мясокомбинат»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сабабҳои сӯхтор айни замон мавриди таҳқиқ қарор доранд.

«Сӯхтор 5 хонаро фаро гирифт. Он дар яке аз хонаҳо сар зада, аз шамоли бархоста ба хонаҳои паҳлӯ гузашт», – хабар дод котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, оташ ба сурати умум 120 метри мураббаъро фаро гирифта, асосан боми хонаҳо сӯхтанд.

«Айни замон алҳол сарчашма ва аз кадом хона  сар задани оташ маълум нест. Барои хомӯш кардани сӯхтор 5 мошини оташнишонӣ сафарбар шуд», – гуфт ӯ ва қайд кард, ки дар бораи сӯхтор ба хадамоти оташнишонӣ дер хабар додаанд.

Қобили зикр аст, ки ин аллакай ҳодисаи сеюми сӯхтор дар як моҳ дар пойтахт мебошад. Ҳодисаи якум дар бозори «Султони Кабир» ва дигар ҳодисаи сӯхтор дар қаҳвахонаи «Мерве» рух дода буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.