Се задухӯрд дар марз бо Афғонистон давоми як шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира шуд. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, шоми рӯзи 10 июн дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» байни сарҳадбонон ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дода, марзшиканон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд. Аз ҷойи […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, шоми рӯзи 10 июн дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» байни сарҳадбонон ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дода, марзшиканон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд. Аз ҷойи ҳодиса 15 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 1 кило афюн дарёфт шуд.

Нимаи рӯз дар қаламрави ҳамин дидбонгоҳ пас аз муқовимати начандон тӯлонӣ қочоқбарони афғонз 7 кило ҳашиш ва 4 кило афюнро дар ҷойи ҳодиса гузошта, ба қаламрави кишвари ҳамсоя фирор намуданд.

Нимашаби рӯзи 10 июн дар қаламрави дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» баъди задухӯрди мусаллаҳона қочоқбарон 35 кило ҳашишро дар қаламрави Тоҷикистон монда, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни задухӯрдҳо ҳеҷ касе аз марзбонони тоҷик осеб надида, аз рӯи ин далелҳо санҷиш ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.