Собиқ раиси Суғд аз узвият дар Маҷлиси миллӣ даст кашид

Собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо хоҳиши худаш аз ваколатҳояш дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон – муовини аввали раиси палатаи болоии парлумон даст кашид, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон. Бино ба гуфтаи манбаъ, санаи 22 июн дар Хуҷанд иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир гардида, дар он номзадии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо хоҳиши худаш аз ваколатҳояш дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон – муовини аввали раиси палатаи болоии парлумон даст кашид, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, санаи 22 июн дар Хуҷанд иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир гардида, дар он номзадии узви нави Маҷлиси миллӣ аз вилояти Суғд баррасӣ мешавад.

Ба эҳтимоли манбаъ, ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешбарии номзадии раиси амалкунандаи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадозода дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар узви Маҷлиси миллиро Президенти Тоҷикистон таъин мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.