Созиши ХБД Ӯзбекистон ва КДАМ Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ

Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатӣ (ХБД)-и Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», созишномаи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон раиси  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз тарафи Ӯзбекистон раиси Хадамоти бехатарии давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев ба имзо расониданд. Раиси […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатӣ (ХБД)-и Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», созишномаи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон раиси  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз тарафи Ӯзбекистон раиси Хадамоти бехатарии давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев ба имзо расониданд.

Раиси Хадамоти бехатарии давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев имрӯз бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи пойтахт ӯро шахсан Саймумин Ятимов пешвоз гирифт.

Раиси ХБД Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев имрӯз ҳамчунин аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид намуда, бо ҷараёни бунёди ин иншоот шинос мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории Фергана, тӯли 25 соли охир дар бораи ҳамкории мақомоти амнияти Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб ҳеҷ хабаре набуд ва дар ин муддат хадамоти махсуси кишварҳо ягон амалиёти муштарак баргузор накарда буданд.

Баъди фаъол шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳҳои гуногун вазъ тағйир ёфт. Моҳи март Ӯзбекистон бори нахуст баъди солҳои тӯлонӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ихтиёри мақомоти ҷумҳурӣ супурд, ки ба гумони содир крадани ҷиноятҳо дар кишвар мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Дар музокироти моҳи апрели соли равон дар Тошканд тадбирҳои муштарак барои мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла пешгирии фаъолиятҳои ҷинояткоронаи созмонҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгаро муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо доир ба ҳамоҳангсозии амалҳо ва татбиқи чораҳои дар ин самт мувофиқашуда ба созиш расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.